Сатҳи камбизоатӣ дар соли гузашта 38, 3 фоизро ташкил дод, ки ин ба маротиб коҳиш ёфтани нишондоди мазкурро дар Тоҷикистон нишон медиҳад.
Ба қавли Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар, ин омил нишон медиҳад, ки вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳрвандон дар ҷумҳурӣ дар қиёс ба солҳои қаблӣ беҳтар шудааст: “Сатҳи камбизоатӣ дар кишвар дар соли 2011- 41,0 фоиз, соли 2010-45 , соли 2009 46,7 ва дар соли 2008- 50 фоизро ташкил медод. Дар 5 соли охир (2008-2012) бошад, ҳаҷми воқеии маҷмуи маҳсулоти дохила (ММД) тақрибан ба андозаи 40 фоиз, маблағи миёнаимаош 3,4 маротиба ва ҳаҷми воқеии он 2 маротиба афзоиш ёфтааст”.
Номбурда афзуд, дар ҷумҳурӣ дар панҷ соли охир аз ҳисоби ҳама гуна шаклҳои фаъолият зиёда аз 685 ҳазор ҷойҳои корӣ ташкил ва барқарор шудаанд, аз ҷумла дар соли 2012 - 132,2 ҳазор, ки ин барои устувории бозори меҳнат мусоидат намудааст.
Шариф Раҳимзодаи инчунин қайд кард, ки маҷмӯъи маҳсулоти дохила ба ҳар сари аҳолӣ аз рўи натиҷаҳои соли гузашта 4.590 сомонӣ, ё худ 964 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки мо ба нуқтаи 1000 доллар расидем ва дар семоҳаи соли равон аз ин нуқта ҳам мегузарем.
Мӯҳр