Иттиҳодияҳои хабарнигории Тоҷикистон унвонии вазири умури хориҷаи кишвар Ҳамрохон Зарифӣ номаи расмӣ ирсол кардаанд.
Тибқи иттилои Хуршед Ниёзов, Дабири кулли «Медиа-Алянс»-и Тоҷикистон, дар ин нома ба ҷуз ташкилоти онҳо, Шӯрои ВАО, ИЖТ ва НАНСМИТ низ имзо кардаанд. Гуфта мешавад, зимни ироаи мактуб аз вазири хориҷа ташреҳи қазияи хабарнигори Озодӣ дар Душанбе Абдуқаюми Қаюмзод тақозо шудааст. Ташкилотҳои журналистии кишвар аз ҷаноби Зарифӣ хостаанд, сабабҳои тамдид нашудани сабти номи Қаюмзодро рӯшан кунад.
Маврид ба ёдоварист, вазорати хориҷа дар моҳи декабр Абдуқаюми Қаюмзодро огоҳ кард, ки сабти номаш тамдид намешавад ва ӯ дигар ҳаққи гузориш додан ба радиои Озодиро надорад. Зимнан, радиои Озодӣ ин тасмими Душанберо ҳамла ба мустақилияташ номид.
Мӯҳр