Бахшҳо

Ҳуҷуми сагони дайду ба одамон дар минтақаи Кӯлоб афзойиш ёфтааст

Қариб 900 нафар одамон дар навоҳии минтақаи Кӯлоб аз газидани ҳайвонот, аз ҷумла сагони дайду захмӣ гаштаанд.


Бино ба қавли хабарнигори маҳаллии «Озодагон» ин гуна ҳодисаҳо фақат тайи шаш моҳи равон рух додаанд.

Зимнан, аз Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии минтақавӣ (МНДСЭ) ба «Озодагон» гуфтанд, 895-нафар одамон барои муолиҷа гирифтан баъди газидани сагони дайду ба беморхонаҳои шаҳру навоҳӣ муроҷиат кардаанд. Шумораи осебдидагон аз захми сагони дайду дар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 120-нафарро ташкил медиҳад. Хушбахтона, ягон нафар баъди ярадор гаштан аз газидани сагон, ба касалии ҳорӣ мубтало нагаштааст.

Бино ба иттилоъ, захмхӯрдагон ба хусус дар навоҳии Восеву Данғара, Ҳамадониву Фархор ва шаҳри Кӯлоб зиёд ба қайд гирифта шудаанд.

Саид Аламов, директори МНДСЭ-и  минтақавӣ мегӯяд, «бо иллати камбуди позаҳр бар зидди бемории ҳорӣ, қисмати зиёди осебдидагон иҷборан аз ҳисоби худашон табобат мегиранд. Агарчӣ дар ҳамаи беморхонаҳои шаҳру навоҳии минтақа эми зидди ҳорӣ ройгон тақсим карда мешавад, вале он ҳанӯз басанда нест». Ба андешаи ӯ, 1-қуттӣ эми зидди ҳорӣ 280-300-сомонӣ қиммат доштааст ва зӯри буҷаи давлат ҳам ба харидории зиёди он намерасад.

Гуфта мешавад, бемории ҳорӣ маризии ниҳоят хатарнок буда, он усулан миёни ҳаявони бесоҳибу дайду зиёд ба мушоҳида мерасад. Ба иқрори мутахассисон, шахси баъди захмин гаштан аз инчунин ҳайвон, ба ин беморӣ сироят гашта, дар кӯтоҳтарин муддат ба ҳалокат мерасад. Ҳайвони ҳорӣ ҳам ҳамагӣ 40-рӯз баъди мариз гаштан, ҳалок мегардад.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)