Тавре Шафқат Саидов, сухангӯи мири пойтахт ба Озодагон иттилоъ дод, дар баробари дигар масоили умда, вазъи ҷамъоварии андозу пардохтҳои ҳатмӣ ва ҳолати рӯёнидани бақияпулиҳои андоз аз шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии дар марзи шаҳри Душанбе фаъолияткунанда мавриди баррасӣ қарор гирифт. Гуфтанист, ин масъала бо мақсади мусоидат ба таъмини иҷрои нақшаи буҷети шаҳр дар соли 2013 нигаронида шуд.
Манбаъ афзуд, дар робита ба мавзӯъ, гузориши сардори Раёсати андози шаҳри Душанбе А. Воҳидов шунида шуд. Пас аз ин, Убайдуллоев таваҷҷӯҳи муовини масъули раиси шаҳр ва мақомоти андозу Сарраёсати молияи шаҳрро ба он нигаронида, назорати иҷрои пардохтҳои ҳатмӣ, ҷамъоварии андозро бо истифода аз муқаррароти қонунгузории кишвар, қабл аз ҳама нисбати хилофкорон пурзӯр намуда, оид ба рӯёнидани бақияпулиҳои андоз аз шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии қарздор тадбирҳои мушаххас андешанд.
Ҳамзамон, дар ҷаласа вазъи санитарию экологӣ, хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва бо истифода аз мусоидати боду ҳаво сафарбар намудани потенсиали сохторҳои марбута ва аҳли ҷамоатчигӣ ба маъракаҳои ободонию ниҳолшинонӣ дар ҳудуди шаҳр, мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, масъулият ва вазифаҳои субъектҳои шаҳрию ноҳиявӣ оид ба татбиқи нақшаҳои шаҳрдорӣ ҷиҳати омодагиву таҷлили сазовори Наврӯзи 2013 мушаххас карда шуданд.
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |