Кишоварзони ноҳияи Кӯлоб дар соли сипаришуда ба маблағи 297,8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба соли қаблӣ 13,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Бино ба иттилои шӯъбаи кишоварзии ноҳия, деҳконон тайи ин муддат 7825 тонна пахта, 18 ҳазор тонна ғалла, 6674 тонна картошка, 3943 тонна сабзавот, 4692 тонна полезӣ истеҳсол намудаанд.
Абдуғаффор Раҳмонов, шаҳрдори Кӯлоб дар ин маврид ба Озодагон гуфт, дар ин сол истеҳсоли гӯшту шир, тухму пашм ва асал низ дар нисбат ба солҳои пештар афзоиш ёфтааст: «Дар ин давра 349 хоҷагии нави деҳқонӣ таъсис дода шуда, теъдоди умумии ин хоҷагиҳо ба 836 адад расид. Бо мақсади рушд ва таъсиси гармхонаҳо ва истеҳсоли сабзавоти барвақтӣ аз навоҳии Бохтару Турсунзода мутахассисон даъват ва ҷалб шуданд, то мушкили деҳқонони маҳаллиро дар ин самт осон намоянд» .
Мӯҳр