Дар пайи амалиёти кормандони ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Фирдавсӣ, шаҳрванд-Шафтолу Сабзалиеви 35 сола, истиқоматкунандаи кӯчаи Маяковский бо гумони нашъаҷаллобӣ дастгир карда шуд.
Тавре аз ВКД ба Озодагон хабар доданд, аснои азназаргузаронии хонаи истиқоматии ӯ, аз дохили пакети селофанӣ маводи нашъадори навъи «ҳашиш», ки вазнаш 1 килою 654 граммро ташкил медод, дарёфт ва мусодира карда шуд.
Манбаъ инчунин афзуд, ба ҳамин ҳодиса монанд аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор Маҷид Каримови 55-сола, Бизинат Ҷалоловаи 49- сола ва Ҳасан Собирови 29- сола, сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздошт шуданд.
-Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз онҳо 2 адад бастаи селофанӣ, ки дар дохилашон 1 килою 214 грамм маводи нашъадори «ҳашиш» буд, дарёфт ва мусодира карда шуд.
Феълан, аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.
Мӯҳр