Бахшҳо

Ҷаласаи Шӯрои МН дар парлумони Тоҷикистон

Имрӯз, 28-уми январ, таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид.

Тавре аз хадамоти матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар ба Озодагон иттилоъ доданд, дар нишасти мазкур як қатор масъалаҳо, аз қабили лоиҳаи қонунҳои ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ, машрубот ва маҳсулоти спиртдор», «Дар бораи истифодаи мошинҳои назоратӣ хазинавии дорои хотираи фискалӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар масъалаҳо мавриди баррасии аъзои Шӯро қарор гирифтанд.

Манбаъ афзуд, раиси кумитаи МН оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Амир Катаев оиди масъалаи якуми рӯзнома баромад намуда, иброз намуд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ, машрубот ва маҳсулоти спиртдор» бо мақсади аз байн бурдани мухолифати байни меъёрҳои қонунҳои амалкунанда ва мутобиқгардонии он ба меъёрҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ба талаботҳои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, инчунин ҷиҳати танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ, машрубот ва маҳсулоти спиртдор, ҳифзи саломатӣ, ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва таъмини бехатарии маҳсулот ва риояи меъёру қоидаҳо ҳангоми истеҳсоли онҳо таҳия карда шудааст.  

Ҳамчунин, зимни баромади хеш аъзои Шӯро зикр намуданд, ки мақсади лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи мошинҳои назоратӣ хазинавии дорои хотираи фискалӣ», пеш аз ҳама, таъмин намудани асосҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодии танзими истифодаи мошинҳои назоратӣ-хазинавии дорои хотираи фискалӣ дар муомилотҳои пулӣ ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ буда, ҳамзамон қоидаву расмиёти ягонаи вобаста ба истифодаи ин мошинҳоро муайян мекунад.  
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)