Фардо, 26-уми январ, бо ибтикори Хазинаи байналмиллалии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ таҳти унвони «Барои дастгирии худшиносии авруосиёӣ» мизи мудаввар баргузор мегардад.
Тавре Қутбиддин Мухторӣ, ҳамоҳангсози ин нишаст ба Озодагон иттилоъ дод, ҳадафи аслии чорабинии мазкур мусоидат ва мустаҳкам намудани ҳамкориҳои илмӣ, фарҳангӣ ва таълимии Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо бо мақсади устувор намудани арзишҳои авруосиёӣ, ба вуҷуд овардани муҳити илмӣ ва таълимӣ барои олимони соҳаҳои гуногун аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо мебошад.
Гуфта мешавад, ҳамоиши ҷамъбастӣ дар доираи лоиҳаи «Рушди фаҳмиши авруосиёӣ дар Осиёи Марказӣ» бо ҷалби олимон, донишҷӯён, мутахассисони соҳаҳои гуногун, коршиносони байналмилалӣ ва дохилӣ мақсади бунёди шабакаи ягонаи ҳамкориҳои бевоситаи олимону мутахассисон оид ба мустаҳкамсозии фазои авруосиёиро дар назар дорад.
-Таҳия, татбиқ ва қабули меморандум оид ба рушди минбаъдаи фазои авруосиёӣ дар мизи мудаввар «Барои дастгирии худшиносии авруосиёӣ», мусоидат ба пешниҳоди дастрасӣ ба дастовардҳои илмии марказҳои илмӣ, фарҳангӣ ва муассисаҳои таълимии Аврупо аз ҳадафҳои дигари мизи мудаввар ба шумор мераванд, ки ин ҳанӯз танҳо ҷузъе аз ҳадафҳои лоиҳаи «Рушди фаҳмиши авруосиёӣ дар Осиёи Марказӣ» аст,-афзуд Мухторӣ.
Дар баробари ин, татбиқи курсу семинарҳои махсус, дарсҳои интихобӣ дар муассисаҳои олии таълимӣ дар мавзӯи фаҳмиши авруосиёӣ, мустаҳкамсозӣ ва бунёди робитаҳои нави олимони кишварҳои Иттҳоди Аврупо низ дар назар аст.
Мӯҳр