Неруҳои амниятӣ низ бо насби дурбин дар маҳалҳои баргузории маросим ва ташдиди тадобири амниятӣ, оромиши ин маросимро таъмин мекунанд.
Мардуми мусалмони Афғонистон низ дар ин аём саъй мекунанд бо насби порчаҳои зинатдодашуда дар маконҳои умумӣ, ки суханоне дар васфи паёмбар бар рӯи он навишт шуда аст ва низ хатми Қуръон, мелоди хотимулнабийинро гиромӣ бидоранд.
Додани ғизо ва кумак ба мустамндон низ аз дигар иқдомоти пайравон ва дӯстдорони он ҳазрат дар Кобул ва дигар манотиқи ин кишвар мебошад.
Дар ҳамин ҳол, кишварҳои Осиёи Марказӣ низ аз баргузории маросими хос ва вижаи ин аём ғафлат намекунанд. Бо вуруди аёми мубораки мелоди Паёмбари мукаррами ислом, ҷашнҳое тавассути ҳизби Наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон баргузор мешавад ва маросиме низ дар Қирғизистон ва Қазоқистон барпо мешавад.
Ҳамчунин, ниҳодҳои хориҷии ҳозир дар ин кишварҳо, бо барпоии ҷашнҳои густарда дар ин кишварҳо, заминаро барои ҳузури ҳар чи бо шукӯҳтари мардуми мусалмони ин минтақа дар ин ҷашнҳои фараҳбахш фароҳам мекунанд.
Дафтари минтақаии "Форс" зимни табрики ин аём қасд дорад дар маҷмӯъае, зимни пӯшиши маросимоти мухталифи ин кишварҳо, назароти уламои исломи кишварҳои таҳти пӯшиш, пиромуни "Ҳафтаи ваҳдат"-ро ба гунаи шоиста тақдими мухотибони худ кунад.
« Декабр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | ||||||
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 |