Дар ҳоли ҳозир намояндагии Созмони байналмилалии кор дар Тоҷикистон иттилоъе дар мавриди истифода аз меҳнати иҷбории кӯдаконро рӯи даст надорад.
Дар ин бора зимни як изҳороти ахиран пахшшуда аз сӯи ин ташкилот омадааст. Ситора Шокамолова, ҳамоҳангсози СБК дар Душанбе мегӯяд, 14-уми июни соли равон ҷаласаи гурӯҳи кории ҷилавгирӣ аз меҳнати маҷбурии атфол сурат пазируфт. Зимни ин нишаст, ман ба ҳеч расона мусоҳиба надодаам, ҳар чӣ ки хабаргузориҳо ва матбуот аз номи банда интишор сохтаанд, аз роҳнамои иттилоотии омодашуда барои соли 2004 истифода шудааст, ки онро маркази ислоҳоти барномаҳои таълимии «Пулс» тайёр карда буд.
Ҳамзамон, ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони байналмилалии кор ва дигар ташкилотҳои марбута чанд иқдоми ҷиддиро роҳандозӣ кардаанд, ки барои ҷилавгирӣ аз меҳнати иҷбории кӯдакон дар ҷумҳурӣ мусоидат кардааст. Ба ҷуз ин, СБК тасмим гирифтааст, муштаракан бо агентии омори Тоҷикистон таҳқиқоти вижаеро барои солҳои 2011-2012 дар ин самт анҷом диҳад. Натиҷаи ин таҳқиқот пас аз анҷоми он нашр гардида, ба хоҳишмандон дастрас мегардад, афзуд Ситора Шокамолова. {jathumbnail off}
Мӯҳр