Деҳқонони ноҳияи ховалинги вилояти Хатлон соли гузашта зиёда аз 600 тонна меваю сабзавотро ба хориҷи кишвар интиқол додаанд.
Бино ба иттилои Ғоибов, сардори умури кишоварзии ин ноҳия, беш аз 20 тонна себи ноҳия ба ҷумҳурии Афғонистон содир карда шудааст.
Номбурда мегӯяд, инчунин меваи хушк, пиёз ва себи деҳқонон ба кишварҳои Покистону Афғонистон ва федератсияи Русия интиқол ёфтаанд.
Гуфта мешавад, дар маҷмӯъ соли гузашта 602 тонна сабзавоту мева аз ноҳияи Ховалинг ба хориҷа ба савдо рафтааст, ки аз ин шумора 180 тонна меваи хушки он ба идораи ҷангали ноҳия рост меояд.
Мӯҳр