Бахшҳо

Журналист: Шикояти Кумитаи дини Тоҷикистон сохта мебошад

Амруллоҳи Низом, хабарнигори Оҷонсии иттилоотии "Тоҷнюс"  дар ин бора имрӯз, 24-уми январ, пас аз мурофеаи нахустини додгоҳиаш зимни сӯҳбат бо хабарнигори “Озодагон” иброз намуд.

Оқои Низом мегӯяд, агар он сабти видеоиеро, ки онҳо пешниҳод намуда истодаанд, якҷоя бубинем ба вузуҳ метавон дарк кард, ки ҳамон рӯз кӣ киро асабонӣ кардааст: “Инҳо дар ҳоле чунин карда истодаанд, ки худи онҳо барои гирифтани иттилоъ монеа эҷод кардаанд ва ҳам рӯзноманигорро тӯҳмат менамоянд, ки гӯё тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудаам. Ман ин ҳамаро тӯҳмат сохта ва бӯҳтон дар ҳаққи худ меҳисобам”.

Ба қавли номбурда, ӯро тибқи моддаи 460, Кодекси ҳуқуқвайронкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳам карда истодаанд, яъне Амруллоҳи Низом дар ҳамон рӯз тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, ба кормандони Кумитаи дин ҳақоратро раво донистааст.

Дар ҳамин ҳол, масъулони Кумитаи дин аз ироаи шарҳу тафсилот худдорӣ намуда, худро на ҷониби даъвогар, балки иштирокчии озод ба хабарнигорон шиносоӣ намуданд.
Гуфтанист, имрӯз аввалин ҷаласаи мурофиавӣ буд, аммо дар он намояндаи Амруллоҳи Низом, ки мехост ҳамчун вакили мудофеъ ширкат намояд, ҳаққи иштирокро пайдо карда натавонист.

-Аз ин рӯ, ҷаласа ба поён нарасида, қатъ карда шуд ва он то рӯзи сешанбеи оянда (29-уми январи соли 2013) ба таъвиқ андохта шуд,-афзуд Амруллоҳи Низом.
Ёдрас менамоем, Кумитаи дини назди ҳукумати  Тоҷикистон дар қиболи хабарнигори   "Тоҷнюс" ба догоҳи ноҳияи Шоҳмансур шикоят бурдааст, ки гӯё журналист унвонии кормандони ин ниҳод дашном додааст.  
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)