Президени Сурия имрӯз дар бораи авфи умумии маҳбусони сиёсӣ фармонро ба тасвиб расонидааст.
Бино ба иттилои расонаҳои хориҷӣ, ин дуввумин авфи Башор Асад аст, ки дар як моҳи ахир дар қиболи зиндониён татбиқ мегардад.
Гуфтанист, як рӯзи қабл дар Сурия даҳҳо эътирозгарон – донишҷӯёни донишгоҳи шаҳри Алеппо боздошт шуда буданд.Ба иттилоъи ҳомиёни ҳуқуқи башар, донишҷӯён паёми навбатии Башор Асадро танқид карданд, ки дар он раисиҷумҳур ба мардум ваъдаи гуфтушунид бо мухолифин ва ба роҳ мондани ислоҳотро додааст. Ба гуфтаи онҳо, ин ваъдаҳо кофӣ нестанд ва раисиҷумҳур бояд ба истеъфо равад.Ҷонибдорони Башор Асад бошанд, дар навбати худ, имрӯз дар Димишқ, Алеппо ва дигар шаҳрҳои Сурия намоишҳои густурдаи пуштибонӣ аз сарвари кишварро доир намуданд.Тазоҳуроти оммавӣ дар баъзе аз маноти ин давлат ҳанӯз ҳам идома доранд.{jathumbnail off}
Мӯҳр