Варзишгарони ноҳияи Варзоб дар соли гузашта дар мусобиқаҳои ҷаҳониву осиёӣ ширкат намуда 15 медал, аз ҷумла 9 медали тилло, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ ба даст оварданд.
Муродалӣ Тешаев, сухангӯи кумитаи миллии олимпӣ ба Озодагон иттилоъ дод, ки варзишгарони ин ноҳия дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва ноҳиявӣ низ баромад карданд, ки дар маҷмӯъ соҳиби 121 медал шудаанд.
Ба иттилоъи манбаъ, намудҳои варзиши волейбол, баскетбол, футбол, гӯштингирӣ ва лижаронӣ дар ноҳияи Варзоб рушд кардааст: “Айни ҳол дар ҳудуди ноҳияи мазкур ду майдони варзишӣ барои 2 ҳазор ҷои нишаст, 10 толори варзишӣ, 40 майдончаи варзишии назди мактабӣ ва 8 майдончаи варзишӣ аз тарафи ҷавонони деҳот ташкил шудаанд”.
Мӯҳр