Мушовири иттилоърасонии нахуствазири Ироқ бо ишора ба ин ки ҳеч чиз наметавонад далели мудохилаи як кишвар дар умури кишвари дигаре бошад, таъкид кард: сиёсатҳои кунунии давлати Туркия омили аслии нооромии минтақа аст.
Алӣ Алмусавӣ изҳор дошт, ки сиёстҳои нодурусти давлати Урдуғон ва вазири умури хориҷаи ин кишвар, омили аслии нооромӣ дар минтақа аст. Вай афзуд: Урдуғон бо чароғи сабзии бархе кишварҳои бузург, дахолатҳои беҷо ва бедалел, худро дар умури кишварҳои минтақа ва ба вижа Ироқ ва Сурия, моҳҳо аст оғоз карда ва ҳамин амр метавонад, боиси эҷоди нооромӣ дар минтақа шавад.
Алмусавӣ сиёсати кунунии вазорати умури хориҷаи Туркияро хориҷ аз урфи дипломатӣ донист ва гуфт: сиёсате, ки акнун онҳо дар пеш гирифтаанд, хориҷ аз урфи дипломатӣ аст ва аз сӯи Созмони милал маҳкум аст.
Вай бо ишора ба инки ҳеч чизе наметавонад мабнои дахолати як кишвар хориҷӣ дар умури дохилии кишваре дигаре бошад, таъкид кард: ҳеч чиз наметавонад баҳонаи Туркия барои дахолат дар умури дохилии кишарҳои дигар бошад, ин сиёсат минтақаро ноором мекунад, ҳамчунон ки ҳамакнун шоҳиди нооромии минтақа ҳастем.
Аҳмад Довуд Уғлу, вазири хориҷаи Туркия дирӯз дар идомаи сиёсатҳои мудохила- ҷуёнаи ин кишвар иддао кард: сиёсати ҳадаф қарор додани шахсиятҳои миллӣ дар Ироқ, ки аз суи Нури Моликӣ, нахуствазир дунбол мешавад, муҷиби бурузи буҳрон то дараҷаи даргириҳои мусаллаҳона шудааст.
Мӯҳр