Саъдӣ Оқилназарзода, хонандаи литсеи муштараки тоҷикию туркии ба номи Ҳоҷӣ Камол ғолиби олимпиадаи 9-уми байналхалқии Жаутикови ҷумҳурии Қазоқистон аз фанҳои математика, физика ва технологияи информатсионию коммуникатсионӣ эълом гардид.
Тавре ба Озодагон аз литсеи муштараки тоҷикию туркии мазкур хабар доданд, ин олимпиада аз фанҳои математика, физика ва технологияи информатсионию коммуникатсионӣ аз 13 то 19 -уми январ баргузор гардида буд.
Манбаъ афзуд, ба барандаи ҳисоби шахсӣ диплом, медали тилло ва роҳхат барои таҳсил дар донишгоҳи техникии Қазокистону Бритониё дода шуд: “Дар баробари Окилназарзода бо холҳои аз ҳама зиёд хонандагони макотиби Русия ва Қазокистон низ баранда гаштанд”.
Гуфта мешавад, дар ин озмуни бонуфуз 54 даста ( 348 хонанда), аз мактабҳои махсуси 13 кишвар, аз ҷумла Русия, Украина Озарбойҷон, Гурҷистон, Арманистон, Қирғизистон ва Туркманистон иштирок доштанд.
Маврид ба ёдоварист, хонандагони дигари тоҷик аз олимпиадаи 9-уми байналхалқии Жаутикови шаҳри Алма-Ато бо 2 медали нуқра ва 4 биринҷӣ ба ватан баргаштанд.
Мӯҳр