Сафири Тоҷикистон дар Русия аз Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии ин кишвар хоҳиш кард, ки ба тоҷикистониёни муқими Сурия дар ҳолати муроҷиаташон ба намояндагиҳои дипломатии Русия дар Сурия кӯмак намояд.
Аз сафорати Тоҷикистон дар Русия ба Озодагон иттилоъ доданд, ки Абдулмаҷид Достиев зимни мулоқоти ахири вазири корҳои хориҷии Русия бо сафирони кишварҳои ИДМ, ки дар шаҳри Маскав баргузор гардид, аз Лавров чунин дархост намудааст.
Гуфта мешавад, дар ҷараёни ин вохӯрӣ ҳамчунин қайд гардидааст, ки ахиран ду ҳавопаймои Русия ба Димишқ фиристода шудааст, то аз мавзеи муноқиша шаҳрвандони Русияро берун барорад.
Мӯҳр