Як сокини 22-солаи шаҳри Кӯлоб бо гумони даст доштан дар куштори хоҳараш аз ҷониби кормандони прокуратура боздошт гардидаст.
Тавре аз прокуратураи шаҳри Кӯлоб ба «Озодагон» хабар доданд, аз ҷониби сокини кӯчаи ба номи Киров ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маълумот расид, ки дар марги Озодамоҳ Мизробоваи 17-сола, ки рӯзи 14-уми январ ба ҳалокат расида буду дар қабристони шаҳр гӯронида шудааст, бародари бузургаш даст доштааст.
Дар натиҷаи амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони шӯъбаи корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо намояндагони дигар мақомоти қудратӣ, рӯзи 17-уми январ қабрро кушода, тафтишоти экспертизӣ ба анҷом расондаанд.
-Хулосаи экспертизӣ муайян намуд, ки Озодамоҳ ба таври бӯғӣ кардан ба марг расидааст. Дар куштори ӯ, бародараш Мизробҷони 22-сола гумонбар дониста мешавад,-афзуд манбаъ.
Ба иттилои аз прокуратура расида, дастгиршуда ба гуноҳаш иқрор гаштааст: «Қотил аввал хоҳарашро бо рӯймоли сараш бӯғӣ карда, баъдан ҳамин рӯймолро болои дастаи чӯбини боми ошхона, ба хотири гум намудани пайи куштор, гӯё Озодамоҳ худкушӣ карда бошад, овезон кардааст».
Дар ҳоли ҳозир, прокуратура сабаби кушторро ошкор намудаанд. Мизробҷон бо ҷурми якчанд маротиба аз хона бедарак баромада рафтани хоҳараш, қасд ба ҷони ахирӣ кардааст: «Аммо, хулосаи экспертизаи тиббӣ ба бероҳагӣ даст задани ӯро инкор мекунад, зеро далели сабукпо будани ӯ тасдиқи худро наёфт».
Мӯҳр