Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон барои нахустин бор дар соли нави мелодии 2013 бо ҷавонон дидор хоҳад дошт
Ҳикматуллоҳ Сайфулоҳзода, сухангӯи ҲНИТ ба «Озодагон» иттилоъ дод, ки дар нахустин дидори раиси ҲНИТ бо ҷавонони кишвар дар соли равон мисли мулоқотҳои қаблӣ мавзӯъҳои доғи рӯз матраҳ мешаванд.
Номбурда илова кард, ки тибқи барнома Муҳиддин Кабирӣ бояд ҳар моҳ бо ҷавонон вохӯриҳое дошта бошад, вале дар соли 2012 раиси ҳизб бо сабабҳои объективӣ натавонист ин барномаро пурра иҷро намояд: « Яъне баъзан аз сабаби дар хориҷ буданаш рӯзҳои дидор аз ин моҳ ба моҳҳои дигар кӯчонида шуданд ва ҳадди ақал гуфта метавонам, ки зиёда аз 7 ё 8 вохӯрӣ дар соли гузашта бо ҷавонони кишвар анҷом додаст».
Бинобар иттилои манбаъ, вохӯрии раиси ҲНИТ дар қароргоҳи марказии ҳизб дар Душанбе, хиёбони Борбад-1, соати 13:30 оғоз мегардад.
Иштирок дар ин нишаст озод буда, ҳар нафаре, ки хоҳиш дорад метавонад ба ин мулоқот ҳозир шавад.
Мӯҳр