Дар ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон як шаҳрванди Афғонистон бо ҷурми интиқоли ғайриқонунии маводи нашъадор дастгир карда шуд.
Тавре аз дафтари матбуотии ВКД ба Озодагон иттилоъ доданд, Абдулохир валади Алимаҳмади 520 сола зимни амалиёти махсус дар ин ноҳия аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир гардид.
Гуфта мешавад, аз ӯ 4 халтаи нашъа, ки вазни умумии онҳо 65 килою 720 грамм маводи нашъадори навъи «бангдона»-ро ташкил медод, дарёфту мусодира карда шудааст.
Феълан, оиди ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва корҳои тафтишотӣ идома доранд.
Мӯҳр