Бахшҳо

Хуршеди Атовулло: МАТ ба хонаводаи Исмоилови зиндонӣ 1050 сомонӣ кӯмак кард

Ирсоли кӯмакҳои моддӣ ба оилаи хабарнигор Маҳмадюсуф Исмоилов идома дорад.


Зимнан, Анҷумани рӯзноманигорони «Медиа-Алянси Тоҷикистон» (МАТ) ба даъвати НАНСМИТ барои кўмаки моддӣ ба аъзои оилаи журналисти боздоштшуда дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд, хабарнигори минтақавии ҳафтаномаи «Нури зиндагӣ» Маҳмадюсуф Исмоилов ҳамроҳ гардида, ҷамъулҷамъ ба оилаи вай 1050 сомонӣ кўмак намуд. Дабири кулли МАТ Хуршеди Атовулло (Ниёзов) дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, субҳи имрўз 600 сомонии дигар барои интиқол ба оилаи Исмоилов аз ҳисоби аъзои МАТ ҷамъоварӣ гардид. Як рӯз қабл аз ин ҳафтаномаи «Фараж», ки аз аъзои фаъоли МАТ аст, 250 сомонӣ ба ҳамсари журналист расонид ва 200 сомонии дигар хабарнигори он Раҳима Аъзамзода дар ин маърака саҳмгузорӣ намуд. Маблағи умумии ҷамъовардашуда 1050 сомониро ташкил медиҳад»-зикр намуд Хуршед Ниёзов.

Бояд гуфт, ки МАТ аз созмонҳои фаъоли журналистии кишвар буда, васоити ахбори оммаи маъруферо мисоли симои мустақили Тоҷикистон (СМТ), радиёи «Ватан», хабаргузории «Авасто», ТҶ «Даст ба даст», нашрияҳои «Фараж», «Бизнес и политика», «Факты и коментарии», «Вечёрка», «Курер Таджикистана», «Ману ту» ва журналистони алоҳидаро дарбар мегирад.

Ёдрас менамоем, Муҳаммадюсуф Исмоилов хабарнигори нашрияи «Нури Зиндагӣ» дар вилояти Суғд  ба таҳқиру тавҳин ва барангехтани низои миллию мазҳабӣ муттаҳам шудааст. Номбурда ҳанўз моҳи ноябри соли 2010 баъди нашри маводи интиқодӣ нисбати мансабдорони ноҳияи Ашт боздошт гардида, то ин замон дар боздоштгоҳи муваққатии вилояти Суғд  ба сар мебарад.{jathumbnail off}

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)