Аз 113 нафаре, ки ҳангоми шиноварӣ дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарк шудаанд, ба наҷотдиҳандагони Кумита ҳолатҳои фавқулода муяссар гашт, ки танҳо 3 нафари онҳоро наҷот диҳанд.
Хайриддин Абдураҳимов, раиси ин ниҳод мегӯяд, ба қарқшавии шаҳрвандон, ҷавонони кишвар падару модарони онҳо гунаҳкоранд.
Зеро ба қавли номбурда, аксарият аз навоҳии дурдаст ба шаҳри Душанбе омада, аз қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми шиноварӣ дар дарёҳо ва кӯлҳо огаҳ нестанд ва падару модарон бошанд ба фарзандони худ дар ин бора беаҳамиятӣ мекунанд.
Тибқи иттилои ин кумита, шумораи ғарқшудагон сол то сол коҳиш ёфта, нишондодҳои соли гузашта нисбат ба соли 2011 5 нафар кам мебошанд.
Масъулини кумитаи мазкур иброз доштанд, ки барои дучор нагардидан ба чунин ҳодисаҳо шаҳрвандон бояд қоидаҳои бехатариро риоя намуда, аз оббозӣ дар ҷойҳои манъшуда ва дарёҳои тезҷараён худдорӣ кунанд.
Мӯҳр