Ҳамкорӣ миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва Кумитаи замин то соли 2013 он қадар хуб набуд ва минбаъд беҳтар хоҳад шуд.
Хайриддин Абдураҳимов, раиси Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ, имрӯз, 18-уми январ зимни як нишасти матбуотӣ, ки дар Душанбе баргузор гардид, дар ин бора ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Номбурда қайд кард, ки қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ дар манотиқе, ки аз хатарҳои табии эмин нестанд, албатта вуҷуд доранд: «Мо соли гузашта дар ин бора таҳлил намуда будем ва дар ҳақиқат чунин ҳам ҳаст ва ин гуна ҳолат на танҳо дар як ё ду ноҳияи кишвар, балки дар бисёре аз ноҳияҳо дида мешаванд. Мо пешниҳод намудем, ки дар комиссияи заминтақсимкунӣ бояд аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода низ намоянда бошад ё ин ки бе хулосаи Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ заминҳои наздиҳавлигӣ дар ҷойҳои хатарнок, аз ҷумла селроҳаҳову дигар ҷойҳо тақсим карда нашаванд».
Хайриддин Абдураҳимов, ҳамчунин илова кард, ки тибқи барномаи соли 2011 қабул шуда, тамоми он шаҳрвандоне, ки дар манотиқи хатарбор ҷой дода шудаанд, бояд ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шаванд.
Мӯҳр