Додгоҳи ҷумҳурии исломии Эрон мурофиаи ҷосусони амрикоиро рӯзи 31-уми июл аз сар мегирад.
Ин афрод, к ибо иттиҳоми ҷосусӣ дастгир гардида буданд, дар боздоштгоҳ ба сар мебаранд ва тайи чанд моҳ дар интизори баррасии парвандаашон ҳастанд. Шабакаи телевизионии
France24 бо истинод ба суханони вакили мудофеъи яке аз муттаҳамон менависад, мақомоти интизомӣ ва амниятии давлати исломӣ амрикоиёнро бо ҷурми қочоқи марзи Эрон (ғайриқонуни убур кардани сарҳад, сарҳадшиканӣ) ва ҷосусӣ гунаҳкор медонад. Интизор меравад, мурофиаи навбатии се шаҳрванди ИМА поёни моҳи равон дар додгоҳи Теҳрон оғоз гардад, ҷамъбаст кардааст Масъуд Шафӣ, адвокати яке аз муҷримини амрикоӣ.{jathumbnail off}
Мӯҳр