Дар шимоли кишвар дар соли 2012 беш аз 400 ҷиноёти характери коррупсионӣ дошта ошкор гардид.
Сардори раёсати Агнетии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳусейн Акилов мегӯяд, дар соли 2012 аз сӯи кормандони ниҳоди онҳо 419 адад ( 2011- 351) ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии характери коррупсионӣ дошта ошкор ва ба қайд гирифта шудааст.
Маблағи зарари аз ин гуна ҷиноятҳои ошкоргардида, 22 миллиону 504 ҳазору 668 ( 2011- 16 млн. 267 хазору 299) сомониро ташкил медиҳад, ки аз он ба микдори 17 млн. 246 ҳазору 352 сомониаш барқарор шудааст.
-Паравандаҳои ҷиноӣ вобаста ба ин ҷиноятҳо асосан бо моддаҳои азонихудкунӣ ва исрофкорӣ, қаллобӣ, ришвадиҳии тиҷоратӣ, гирифтан ва додани пора, сохтакории хизматӣ, сӯиистифода аз ваколати хизматӣ, баромадан аз ваколатҳои мансабӣ, гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ ва сохибкории ғайриқонунии КҶ ҶТ оғоз гардидааст,- афзуд Ҳусейн Акилов
Мӯҳр