Бахшҳо

Рейтинги нави FIFA: Тоҷикистон ду зина боло рафт

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон миёни тимҳои миллии кишварҳои собиқ шӯравӣ дар ҷойи 13-ум буда, аз Қазоқистону Қирғизистон пеш аст.

Феълан, Тоҷикистон дар рейтинг ё феҳристи нави Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) мақоми 134-умро касб кардааст. Тими миллии кишвари мо, миёни тимҳои миллии кишварҳои собиқи шӯравӣ 13-ум буда, аз Қазоқистону Қирғизистон пеш аст. Мавқеъи дастаҳои миллии дигар кишварҳо дар феҳристи FIFA чунин аст: Русия (9), Украина (44), Узбакистон (56), Беларус (65), Гурҷистон (72), Арманистон (75), Эстония (83), Латвия (104), Литва (116), Озарбойҷон (118), Молдова (128), Туркманистон (129), Тоҷикистон (134), Қазоқистон (142), Қирғизистон (198).

Мунтахаби миллии Испания, қаҳрамони феълии ҷаҳону Аврупо, дар феҳристи навини FIFA дар байни 209 тими миллӣ дар ҷойи аввал аст. Олмониҳо мақоми дуюмро касб кардаанд ва дастаи миллии Аргентина дар зинаи сеюм қарор дорад. Инчунин, дастаҳои Италия, Колумбия, Инглистон, Португалия, Ҳолланд, Русия ва Хорватия дар миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон ҷойгир шудаанд.

Бояд гуфт, Тоҷикистон миёни 46 дастаи мунтахаби Осиё дар ҷойи 18-ум қарор дорад. Ҷопон (22), Кореяи Ҷанубӣ (35), Австралия (36), Эрон (59), Узбакистон (67), Чин (88), Ироқ (92), Урдун (94), Умон (95) ва Аморати Муттаҳидаи Араб (96) даҳ дастаи беҳтарини Осиё маҳсуб мешаванд. Даҳ дастаи беҳтарини Осиё инҳоянд: Ҷопон (21), Кореяи Ҷанубӣ (34), Австралия (36), Узбакистон (56), Эрон (60), Чин (86), Ироқ (89), Урдун (95), Кореяи Шимолӣ (99) ва Имороти Муттаҳидаи Араб (103).

Дастаи милли футболи Тоҷикистон имсол 6 бозӣ анҷом дод: 1 бозӣ дар доираи даври сеюми мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 дар шаҳри Хуҷанд бо тими миллии Кореяи Шимолӣ - 1:1, 3 бозӣ дар даври гурӯҳии марҳилаи ниҳоии Ҷоми даъвати АФК-2012 дар Непал бо мунтахаби Ҳиндустон – 2:0, Кореяи Шимолӣ – 0:2, Филиппин– 1:2 ва 2 бозии дӯстона бо мунтахаби  Қатар – 2:1 ва тими миллии Эрон – 1:6. Ба ин тартиб футболбозони тоҷик дар 2 бозӣ пирӯз шуда, 1 бозиро мусовӣ кардаанд ва дар 3 бозӣ шикаст хӯрдаанд, таносуби тӯбҳояшон 7-12 мебошад.

Ёдовар мешавем, ки натиҷаи беҳтарини дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар рейтинги FIFA ин ҷои 114-ум дар моҳи июли соли 1997 буд. Натиҷаи аз ҳама пасти Тоҷикистон ҷои 180-ум аз рӯи натиҷагирии моҳи июли соли 2003-юм буд.

Рейтинги FIFA аз соли 1993-юм ҷорӣ шудааст. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар чаҳор соли охир дода мешавад. Рейтинги минбаъдаи FIFA 14-уми январи соли 2013-ум нашр хоҳад шуд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)