Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилӣ мегӯяд, имсол дар Тоҷикистон фаъолиятҳои терорристӣ зиёд мешаванд.
Номбурда аснои як конфронси матбуотӣ, ки фаъолияти нимсолаи вазорати зертобеъаш ба хабарнигорон ҳисобот медод, қайд кард, ки феълан онҳо сохторҳояшнро пурқувват намудаанд, то бехатарии мардумро дар соли 2013 таъмин намоянд.
Рамазон Раҳимов гуфт, аз мардум хоҳиш мекунад, ки ҳар нафарро дониста, баъдан ба ӯ хонаашонро иҷора диҳанд. Зеро ба қавли вазир, яке аз сабабҳои зиёд шудани куштор, надониста иҷора додани хона ба нафари дигар мебошад.
Бояд зикр намуд, моҳи ноябри соли равон дар Тоҷикистон интихоботи президентӣ доир мегардад ва бархе аз соҳибназарон соли 2013 барои кишвар соли «гарм» унвон мекунанд.
Мӯҳр