Дар шаҳру деҳоти Исфара тайи як соли гузашта, зиёда аз 20 иншооти муҳими иҷтимоӣ, бунёд ёфта, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд.
Раҳмоналӣ Амиров, раиси шаҳри Исфара, ки дар ҳузури хабарнигорон сӯҳбат мекард, ҳамчунин афзуд, соли равон дар маркази шаҳри Исфара зиёда аз 10 иншооти тиҷоратию хизматрасонӣ ва истеҳсолии на кам аз сеошёна сохта ба истифода дода мешаванд, ки то 1000 нафар сокинонро бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд кард.
Ба қавли раис, дар чорчӯби амалигардонии «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Исфара барои солҳои 2013-2017» дар маркази шаҳр сохтмони бинои истиқоматии 45 ҳуҷрадор барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бинои истиқоматии 45 ҳуҷрадор барои афсарони Қӯшунҳои сарҳадӣ ва сохтмони Қасри ақди никоҳ дар назар аст.
-Умуман, давоми соли равон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои амалигардонии лоиҳаҳои «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Исфара барои солҳои 2013-2017» 105 млн сомонӣ харҷ мешавад,-гуфт Раҳмоналӣ Амиров
Мӯҳр