Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия шоми рӯзи 16-уми январи соли равон бо сафари корӣ ба Душанбе ташриф овард.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ дар назар аст имрӯз, 17-уми январ Сергей Лавровро Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба ҳузур бипазирад.
Гуфта мешавад, худи ҳамин рӯз мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров бо иштироки ҳайатҳои ҳарду ҷониб баргузор мегардад, ки ҷонибҳо мувофиқатнома миёни вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон ва вазорати хориҷаи Русияро дар бораи ҳамкориҳо ба имзо хоҳанд расонд.
Мӯҳр