Ҳафт нафар ҳалоку се тани дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд.
Тибқи иттилои Нигора Солиева, як масъули дафтари матбуотии кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 20-уми июни соли равон, тақрибан соатҳои 9 дар километри 518-уми шоҳроҳи Хоруғ-Душанбе, воқеъ дар деҳаи Шидзи ноҳияи Рӯшон нақлиёти тамғаи «Хундай» ба садама дучор шуда, ба дарёи Панҷ сарозер шудааст. Бар асари ин ҳодиса ҳафт нафар бе ному нишон гардида, се тани дигар ба касалхона интиқол ёфтанд.Тибқи фарзияҳои пешакӣ сониҳаи нақлиётӣ бар асари сангрезӣ ба вуқӯъ пайваста, сарнишини автомобил идораи нақлиётро аз даст додааст.
Айни замон дар маҳалли офат, ситоди вилоятии кумитаи ҳолатҳои фавқулодда амал карда истода, корҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд, афзуд манюбаъ.{jathumbnail off}
Мӯҳр