Умҷад Арор, нависандаи араб дар мақолае, ки дар пойгоҳи хабарии "Дорулхалиҷ" мунташир шуд ба баррасии масъалаи режими саҳюнистӣ дар Яман пардохт.
Дар ин мақола омадааст: давлати Яман ахиран эълон кардааст, ки Оброҳом Дуръӣ, ҷосуси МУСОД (МОССАД)-ро ба пойи мизи муҳокима мекашонад. Ин ҷосус як ҳафта пеш аз эълони ин муҳокима, дастгир ва мавриди бозҷуӣ қарор гирифта буд. Дастгирии ин ҷосус, ки тақрибан ҳамзамон бо дастгирии як ҷосуси саҳюнистӣ дар Миср сурат гирифт, тасодуфӣ набуд.
Оброҳом Дуръӣ, ки як муҳандиси барноманависии роёна буд, бо номи сохтагии Алӣ Абдуллоҳ Мӯҳсин Алҳимӣ вориди устони Адан шуда буд ва эътирофоти ӯ бо иттилооти мавҷуд дар роёнааш ҳамхонӣ дошт ва ҷосусии ӯ барои МОССАД ва иқдомаш барои эҷоди шабакаи ҷосусӣ дар саросари Яманро собит мекард. Ин нахустин бор набуд, ки як ҷосуси Исроил дар Яман шиносоӣ мешуд, аммо аввалин бор буд, ки як ҷосус бо тобеияти исроилӣ ба ин кишвар нуфуз карда буд.
3 соли пеш низ мақомоти яманӣ як ҷосуси Исроилро шиносоӣ ва дастгир карданд, ки ба ҳамроҳи ду нафари дигар дар ростои манофеи режими саҳюнистӣ дар Яман ҷосусӣ мекарданд, аммо ҳарсеи онҳо яманӣ буданд.
Хабаргузории Форс менависад, ҷосусии Исроил як парвандаи ҳамеша боз аст ва ҳатто метавон гуфт, ки ҷосусӣ бахше аз мавҷудияти Исроил аст, зеро масъалаи амниятӣ сутуни фақароти(сутунмуҳраи) сиёсатҳои ин режим аст. Амният дар қомуси саҳюнистҳо, мутародиф бо терроризм, ҷосусӣ ва эҷоди фитна дар кишварҳои дигар аст. Замоне ки аз ҷосусии Исроил дар Яман сухан ба миён меояд, бархе тааҷҷуб мекунанд, ки далели у ва ангезаи Исроил аз ҷосусӣ дар кишваре, ки ки ҳазорон мойл аз он фосила дорад, чист? Зеро қоидатан аз анангезаи амниятии Исроил матраҳ бошад, бояд дар кишварҳои ҳамсоя ва наздики худ, ба чунин коре даст назанад.
Мӯҳр