Дар Тоҷикистон дар соли гузашта шумораи шахсони ба бемории нашъамандӣ гирифторшуда 7 ҳазору 231 нафарро ташкил медиҳад.
Бобоҷони Шафеъ, сухангӯи Агентии мубориза бо маводи мухаддир ба Озодагон иттилоъ дод, ки аз ин шумора 219 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд, ки дар муқоиса бо соли 2011 8% коҳиш ёфтааст.
Гуфта мешавад, шумораи шахсони нашъаманд дар шаҳри Душанбе 3046 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 131 нафараш зан мебошанд.
Бобоҷони Шафеъ мегӯяд, дар вилояти Суғд бошад 1041 нафар нашъаманд ба қайд гирифта шудааст, ки 51 нафари онҳоро занҳо ташкил медиҳанд: “Дар ВМКБ 915 нафар буда, аз инҳо 5 нафараш зан мебошад, дар вилояти Хатлон ба 1159 нафар расидааст, ки аз инҳо 7 нафар зан мебошанд ва дар навоҳии тобеи марказ 1070 нафар нашъаманд ба қайд гирифта шудааст, ки 25 нафараш зан мебошад”.
Тибқи иттилои манбаъ, аз соли 2008 инҷониб ошкоркунии ҳолатҳои нашъамандӣ аз тарафи муассисаҳои тиббӣ зиёд шуда, аз 23,2%-и соли 2008 ба 84,7% дар соли 2012 афзоиш ёфтааст, ки яке аз омилҳои ин ҳолат зиёд шудани муроҷиати ихтиёрии шаҳрвандон мебошад.
Мӯҳр