Ҳамкориҳои сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Покистон баррасӣ гардиданд.
Зимнан, охири ҳафтаи гузашта дар Исломобод мулоқоти сафири Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдов бо вазири умури дохилаи Покистон Раҳмон Малик сурат пазируфт.Ба ҷуз масъалаи зикршуда, мавзӯоте аз қабили дурнамои муносиботи дуҷониба, рушди ҳамкориҳои мақомот низ муҳокима шуданд. Раҳмон Малик иброз дошт, ки ҳамкориҳо миёни ду кишвар дар ҳамаи самтҳо густариш меёбанд. Номбурда мулоқоти президентҳои Тоҷикистон ва Покистонро, ки дар Остона баргузор гардидааст, муҳим ва пурсамар арзёбӣ намуд.Ҷаноби Малик таъкид сохт, ки роҳбарияти Покистон ба инкишофи ҳамкориҳо бо Тоҷикистон, хусусан дар соҳаи энергетика таваҷҷӯҳи зиёд дорад.{jathumbnail off}
Мӯҳр