Дар Маркази миллии тиббӣ (ММТ) шӯъбаи нави эндоурологӣ ба кор шурӯъ кард
Аз Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ доданд, ки аз ин ба баъд дар шӯъбаи мазкур гирифторони бемориҳои аденомаи ғадуди простата, сангҳои найчадон, омосҳои роҳҳои пешобгузар ва дигар бемориҳои сангҳои гурда ва роҳҳои пешоб дар кӯтоҳтарин муддат ҷарроҳӣ карда хоҳанд шуд.
Дар ин шӯъба бо таҷҳизати наву замонавии Олмон бо роҳи пӯшида ҷарроҳиҳои мухталиф аз ҷониби мутахассисони тоҷик роҳандозӣ мегардад.
Бино ба иттилои манбаъ, агар то имрӯз гирифторони чунин бемориҳо бо роҳи кушода ҷарроҳӣ карда шуда, то 15 рӯз бистарӣ мешуданд, минбаъд бо роҳи пӯшида, яъне эндовидеоҷарроҳӣ дар муддати кӯтоҳ, 2-3 рӯз бистарӣ гардида, табобат меёбанд: “ Барои дастрасии таҷҳизоти пешқадами муосир ва таъмири ҳуҷраи ҷарроҳӣ маблағи беш аз 720 ҳазор сомонӣ сарф шудааст”.
Лозим ба ёдоврст, дар шӯъбаи қабули Маркази миллии тиббӣ толори ҷарроҳӣ низ ба кор шурӯъ кардааст, ки ин толор бо масрафи 165 ҳазор сомонӣ таъмир ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Мӯҳр