Раисҷумҳури барканоршудаи Миср дар давоми 30 соли ҳукуматаш зиёда аз 130 миллиард доллари ин кишварро бо роҳи тақаллубӣ аз они худ намудааст.
Дар ин бора расонаҳои хориҷӣ ба такя ба суханони коршиносони Бонки ҷаҳонӣ изҳор доштаанд. Ба қавли онҳо, аз ин миён 54 миллиард доллар дар давоми ҳашт соли ахир рабуда шудааст.Дар ҳамин росто, як мақоми баланпояи Англия- Ҷерими Бровн, ки барои баррасии бозпас додани дороиҳои бо роҳи тақаллубӣ рафтаи Миср ба Қоҳира сафар кардааст, мегӯяд, кишвараш мехоҳад, тамоми дороиҳои бо роҳи ғайриқонунӣ рафтаи Мисрро боз гардонад. Аммо ин ҷо сараввал бояд мутмаин шуд, ки ин ҳама бо роҳи ғайриқонунӣ аз худ карда шудааст ё на.
Ба гуфтаи оқои Бровн, Англия ҷонибдори боз гардонидани дороиҳо ба соҳибони худ аст. Вале он ба ҳокимияти қонун эҳтиром мегузорад.
Мӯҳр