12 ҳазор гектар замин дар Тоҷикистон кишти полезӣ гузаронида шудааст.
То санаи 20-уми июн бошад, аз майдони 1251 гектар замин ҳосили ин навъи зироат ҷамъоварӣ карда шудааст. Дар ин бора аз маркази матбуот ва иттилооти вазорати кишоварзӣ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд. Манбаъ афзуд, нақшаи истеҳсоли полезиҳо барои имсол ҳудуди 244 ҳазор тоннаро дар бар мегирад ва то имрӯз (9%)-и нақша иҷро карда шудааст, ки ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли сипарӣ шуда зиёд аст. Ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 177 сентнериро ташкил медиҳад. Гуфта мешавад, соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон ҳамагӣ дар майдони 8290 гектар кишти полезиҳо гузаронида шудааст, ки то имрӯз аз майдони 1251 гектар замин ҳосил ҷамъоварӣ карда шудааст. Нақшаи истеҳсолии солона бошад, 153950 тоннаро ташкил намуда айни замон (14%)-и нақша иҷро гардидааст. Дар вилоёти Суғду Кӯҳистони Бадахшон ва навоҳии тобеъи марказ аз сабаби тафовути иқлим ҷамъоварии полезиҳо то ҳол шурӯъ нагаштааст.{jathumbnail off}
Мӯҳр