Дар шаҳри Исфара радиои маҳаллӣ тариқи мавҷи 105,2 FM ба пахши барномаҳо оғоз намуд.
Ин радио бо дастгирии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйи кор омада, барномаҳои иттилоотиву фароғатиро 16 соат дар як шабонарӯз ба мухлисонаш пешкаш менамояд. Радиостансияи мустақили Исфара бо мақсади пур намудани фазои иттилотии ин минтақаи сарҳадӣ бештар барномаҳои иттилоотиву фарҳангӣ ва маърифатиро мешунавонад.
Дар ин бора ба хабарнигори Озодагон дар Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Мӯҳр