Аз 1-уми январи соли 2013 реҷаи раводид барои онҳое, ки шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматии Тоҷикистону Кореяи Ҷанубиро доранд, бекор карда шуд.
Дар ин бора ба Озодагон аз департаменти иттилоотии Вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар доданд. Бино ба қавли манбаъ, баъди табодули ёддоштҳои расмӣ оид ба гузаронидани тартиботи дохили давлатӣ миёни ин ду кишвар «Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ оид ба мутақобилан бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ» эътибор пайдо кард.Гуфтанист, ин тасмим ба рушди муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои муҳталиф мусоидат менамояд.
Маврид ба тазаккур аст, ки дар ҳоли ҳозир Кореяи Ҷанубӣ ба ҷалби қувваи корӣ аз Тоҷикистон таваҷҷӯҳ зоҳир карда, дар ин росто гуфтушунидҳо миёни Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бо мақомоти зирабти Корея сурат пазируфт.
Мӯҳр