Дар ин бора Гулнора Ҳасанова, райиси “Амонатбонк” зимни як нишасти матбуотии созмонёфта, имрӯз (14-уми январ) дар ҳузури хабарнигорон иброз дошт.
Бону Ҳасанова афзуд, Ёдгор Мамадасламов ва Толиб Айёмбеков, ки аз “Амонатбонк” дар чанд соли пеш барои пешбурди тиҷорату соҳибкорӣ дар қаламрави Бадахшон қарз гирифта буданд, қисме аз он маблағҳоро баргардониданд: “Ман боварӣ дорам, аз тарафи ин ду шахс дар рӯзҳои наздик ба воситаи фурӯши гаравҳо пурра ин қарзҳо пардохт карда мешаванд”.
Гулнора Ҳасанова ҳамчунин гуфт, соли 2008 дар мулоқоти сокинони ВМКБ бо президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда буд, ки “Амонатбонк” ба вос
итаи гарав ва нақшаи тиҷоратӣ ба Айёмбекову дигар мизоҷон қарз диҳад: “Онҳо ба “Амонатбонк” дорухонаю қаҳвахона ва дороиҳои худро пешниҳод карда, ба миқдори 805 ҳазор сомонӣ қарз гирифтанд. Феълан, худи қарздорон он гаравҳоеро, ки гузошта буданд, ба фурӯш баровардаанд ва қарзҳои “Амонатбонк”-ро баргардонида истоданд.
Маврид ба ёдоварист, пас аз ҳаводиси маълум дар шаҳри Хоруғ (21-27-уми июли соли 2012) изҳороти расмие аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар пахш гардида буд, ки собиқ қумандонҳои саҳроии Бадахшон- Толиб Айёмбеков, Имомназар Имомназаров, Ёдгор Шомусалламов ва Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров бо барнагардонидани маблағҳои қарзӣ ба ин бонки давлатӣ муттаҳам месохт.
Мӯҳр