Алмазбек Атамбаев ба ҳамтои тоҷики худ ба муносибати 20-умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон барқияи шодбошӣ ирсол намуд.
Дар нома аз ҷумла омадааст, мӯҳтарам Эмомалӣ Шарифович, табрикоти самимонаи маро ба муносибати 20-умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатии байни Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бипазиред».
Ҳамчунин, Атамбаев навиштааст, ки тайи 20 соли ахир миёни Тоҷикистону Қирғизистон муносиботи қавии ҳамҷаворӣ, ки сол то сол хусусияти пурмазмун ва динамикӣ касб мекунанд, ба роҳ монда шудааст.
Номбурда дар номаи хеш илова кардааст, ки мутмаин аст, муносиботи Қирғизистону Тоҷикистонро, ки мавқеъҳои муштарак дар ҳалли масъалаҳои калидии минтақа муттаҳид месозад, минбаъд низ рушд ёфта, ба манфиати ҳар ду кишвар устувортар хоҳанд гашт: «Ба Шумо самимона тансиҳатии бардавом ва дар фаъолияти давлатиатон муваффақиятҳои калон, ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу некӯаҳволӣ ва шукуфоӣ таманно дорам».
Мӯҳр