Як нашрияи тахассусии умури стратегӣ фош кард, ки Арабистон дар садади эҷоди ҳукумати хилофат дар Сурия аст.
Ба гузориши "Форс" ва ба нақл аз шабакаи "Ал-олам", нашрияи "Интелҷенс Онлайн", ки маъмулан итилооти худро аз манобеии итилоотии Ғарб ба даст меоварад, созмони иттилоотии Арабистони Саъудӣ ба раёсати бандари бин Султон Бин Абдулазиз Оли Саъуд, масъули таъсиси ҷунбиши "Ал-насраҳ" аст.Бар пояи ин гузориш, созмони итлооттии Арабистон, пас аз тамошои густарда, бо ҷунбишҳои мусаллаҳ дар Ироқ, кумак ба таъсиси ҷабҳаи "Ал-насраҳ" дар Сурияро ба унвони ҷунбиши ҷиҳодӣ, дар дастури кор қарор дод.Ин нашрияи фаронсавӣ фош кард, ки барномаи ҷабҳаи "Ал-насраҳ" эҷоди ҳукумати мавсум ба ҳуыкумати хиллофат дар Сурия аст.
Дар идомаи ин гузориш омада аст: бо ҳимоятҳои молии созмони иттилоотии Арабистон ва пуштибонии ҳампаймонони ин созмон дар Лубнон, ҷабҳаи "Ал-насраҳ" ба суръат мусаллаҳ шуд ва тавонист ба неруҳои артиши Сурия ҳамла кунад ва афроди ин ҷабҳа дар амалиёти инфиҷорӣ ва интиҳорӣ дар Ироқ, таҷриба доштанд.
Бар пояи ин гузориш, бештар чанд пойгоҳи интернетӣ дар итилооте, ки онро дар асноди маҳрамона фош шуда аз вазорати кишвари Арабистон тавсиф карда буданд, аз вуҷуди як масъули низомии саъудӣ хабар доданд, ки уҳдадори расондани пул ва силоҳ ва гурҳҳои мусаллаҳ дар Сурия аст.
Яке дигаре аз сайтҳо низ аз афв ва бахшиши садҳо тан аз муҷримони маҳкум ба эъдом ба сабаби ҷиноётҳое аз қабили қочоқи мавводи мухадир, қатл ва таҷовуз хабар дод, ки аз онҳо хоста шуда аст дар қиболи озодӣ, дар чоҳорчуби гуруҳи мавсум ба артиши озоди Сурия, бо давлати ин кишвар биҷангад.
Як сайти дигар низ шоҳзода бин Султонро гардонандаи ҷабҳаи "Ал-насраҳ" муаррифӣ кард ва ҳадаф аз ташкили ин ҷабҳаро эҷоди хилофати исломӣ дар Сурия донист.
Абумуҳаммади Алҷавлонӣ, раиси ҷабҳаи "Ал-насраҳ" низ ахиран дар гуфтугу бо шабакаи қатарии "Ал-ҷазира", хитоб ба пайравони худ гуфта буд: мо дар садади таъсиси ҳукумати хилофат ва шуро дар Сурия ҳастем.
Мӯҳр