Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон бо Ивар Ваки, сафири Созмони Ҳамкорӣ дар Аврупо мулоқот анҷом дод.
Аз вазорати мазкур ба Озодагон иттилоъ доданд, ки дар вохўрӣ ҷонибҳо масъалаҳои иҷрои барнома дар соҳаи энергетика бо мақсади мустаҳкам намудани манбаи техникию меъёрӣ дар бахши неругоҳои хурди Тоҷикистон ва густариш ҳамкорӣ дар бахши энергетикиро баррасӣ карданд.
Гуфта мешавад дар ин мулоқот ҳамчунин таҷдид ва азнавсозии НБО-ҳои хурди амалкунандаро дар мавзеи навоҳии тобеи ҷумҳурӣ матраҳ намудаанд.
Манбаъ мегӯяд, пас аз вохўриҳо ва гуфтушунидҳо Меморандум оид ба ҳамкориҳо миёни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Ҳамкорӣ дар Аврупо дар соҳаи энергетика ба имзо расонида шуд: «Ҷонибҳо аз натиҷаҳои вохўрӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамчунин иброз доштанд, ки густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба дар ин бахш ба манфиатҳои мутақобилан судманд хоҳад буд».
Мӯҳр