Мақомоти вилояти Суғди Тоҷикистон зимни амалиёташон дар назди бозори «Сомон»-и ин минтақа ду ҷавонро бо иттиҳоми табдили долларҳои қалбакӣ боздошт кардаанд.
Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, боздоштшудгон Хуршед Ҷураеви 35 сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Тавакалҷон Файзиеви 33 сола, сокини ноҳияи Истаравшан мебошанд.
Гуфта мешавад, дар вақти азназаргузаронии автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» рақами давлатиаш АК 59-70 02 РТ, ки ба шаҳрванд Тавакалҷон Файзиев тааллуқ дорад, аз байни курсии пеш ба миқдори 80 адад купюраҳои 100 доллараи амрикоӣ, ки бе риояи талаботи технологӣ тайёр карда шуда буд, дарёфт ва мусодира гардид.
Манбаъ мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса мутобиқи моддаи 281 қисми 2 банди «а» парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.
Мӯҳр