“Дар маъракаи интихоботи президентии имсола ҳамаи аҳзоби сиёси ширкат карда метавонанд, лекин дар рафти муборизаи интихоботӣ ман боварӣ надорам, ки ягон ҳизб аз рӯи имкониятҳое, ки то имрӯз дорад, бо ҲХДТ рақобат карда наметавонад”
Ин нуктаро Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар як нишасти матбуотии созмонёфта дар Душанбе изҳор дошт.Ба гуфти ӯ, аҳзоби сиёсии амалкунанда дар Тоҷикистон он зарфият ва иқтидореро надоранд, ки алъон ҳизби халқӣ-демократӣ дорад: “ Якум бо надоштани маблағҳои кофӣ, дуввум, бо камбуди кадрҳо рӯ ба рӯ ҳастанд. Аз ин рӯ наметавонанд, бо президенти феълӣ рақобат кунанд.
Феълан, дар Тоҷикистон 8 ҳизби сиёсӣ амал мекунад ва ҲХДТ дар раъси ҳукумати ҳозира (Эмомалӣ Раҳмон, райисҷумҳури Тоҷикистон ва райиси ин ташкилоти сиёсӣ) қарор дорад.
Мӯҳр