Бахшҳо

105.000.000 йени ҷопонӣ барои рушди захираҳои инсонӣ дар Тоҷикистон

Барномаи рушди омӯзишӣ миёни Тоҷикистону Ҷопон дар Душанбе ба имзо расид.



Тибқи иттилои дафтари матбуотии вазорати умури хориҷа, рӯзи 20-уми июн маросими табодули ёддоштҳо ва имзои созишномаи грантӣ баргузор шуд, ки зери ин санад аз ҷониби Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷа ва аз ҷониби Ҷопон, Ҷиро Иида, сарвари намояндагии агентии «Ҷайка» (JICA ) имзои худро гузоштанд. Тавре манбаъи хабар ба «Озодагон» гуфт, ин ёддошт доир ба лоиҳаи сармояи омӯзишӣ барои рушди захираҳои инсонӣ дар чаҳорчӯби кӯмакҳои бебозгашти Ҷопон сармоягузорӣ мешавад.
Барномаи сармояи омӯзишӣ барои рушди захираҳои инсонӣ ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ, ки ба омодасозии кадрҳо барои ташаккули асоси ҳуқуқӣ дар соҳаи иқтисодиёт, менеҷмент ва муносибатҳои байналмилалӣ ниёзи зиёд доранд, нигаронида шудааст. Ин лоиҳа барои 4 сол пешбинӣ шуда, аз соли 2009 шурӯъ гардид.Барнома ба кӯшишҳои ҳукумати Тоҷикистон баҳри рушди захираҳои инсонӣ мусоидат намуда, ба хизматчиёни ҷавони давлатӣ имкон медиҳад, то маҳорати касбии худро дар соҳаи дахлдор такмил диҳанд. Имсол ҳукумати Ҷопон барои амалӣ намудани лоиҳа маблағи умумии 105.000.000 йени япониро (тақрибан 1.3 миллион доллари ИМА) ҷудо намуд. Номзадҳо аз шумули кормандони вазорати корҳои хориҷӣ, молия, рушди иқтисод ва савдо  интихоб мегарданд. Дар анҷоми таҳсил дар Ҷопон донишҷӯён соҳиби унвони илмии магистр дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ ва иқтисод мегарданд.
Ёдрас менамоем, ҳукумати Ҷопон аз соли 1993 то соли 2009 зиёда аз 15.3 миллиард йени японӣ ё муодили 184 миллион доллари ИМА маблағ ҷудо намудааст, ки онҳо дар шакли кӯмакҳои бебозгашт ва техникӣ барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва инчунин рушди имконоти захоири инсонӣ дар Тоҷикистон масраф гаштаанд.  
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)