Ба ёди шодравон Устод Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ
"Саъдиё марди накӯном намирад ҳаргиз,
Мурда он аст ки номаш ба накӯӣ набаранд."
Қиссаи пурғуссаи ҷудоии Варорӯди бостонӣ аз хоки Эронзамин "яке достонест пур оби чашм", ки захми носури он ҳанӯз доғу ҷонгудоз аст. Ин ҷудоӣ на танҳо ба сурати ҷуғрофиёӣ ,балки ба сурати фарҳангӣ низ рух дода аст. Истиъмори рус ва Инглис дар ин матомеъ ва манофеъи худ ки дар ин мақолаи кутоҳ намегунҷад, барои хонандагон маълум аст. Аз ҳудуди ду сада пеш ба тадриҷ ба нуфузи сиёсӣ, низомӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии худ дар фалоти Эрон ва атрофи он афзуданд ва баста ба мавқеияти жеополитикӣ ва иқтизооти замона гоҳ бо якдигар истикоки (ба ҳам бархурдан С.А.) манофеъ ёфта гоҳ ба дӯстиҳо ва ҳамкориҳои мақтаъӣ ва маслиҳатӣ даст миёзиданд ки дар ин миён ду арсаи аслӣ ҷойгоҳи истротежики ҳамовардии ин ду қудратро рақам мезад: ҳаросат (нигаҳбонӣ С.А.) аз шибҳи қораи Ҳинд аз сӯи Инглистон ва дастрасӣ ба обҳои гарми Халиҷи Форс ба ҳар қиммат, тавассути Руссия, ки шӯрбахтона Эрони бузург ба далели воқеъ шудан бар сари роҳи ин ду майдонгоҳ, нохоста вориди ин бозии хатарнок шуд ва бино ба далоили фаровон, бисёре аз сарзаминҳои ҳавзаи фараҳнгӣ ва тамаддунии худро ба ин ду истиъморгар бохт.
Яке аз ҳавзаҳои муҳим ва истротежики ин маҳди фарҳангу адаб, Фарорӯд буд, ки ду маркази аслии онҳо яъне Бухоро ва Самарқанд дарвоқеъ ҳукми ду "фарҳангшаҳр" ва ду пешравонаи муҳаррики иронӣ- порсӣ -тоҷикӣ ро дошта ва усулан ин фарҳанг ва тамаддуни куҳанро бидуни ин ду нигини дурахшон ва ҳавзаи атрофашон наметавон комил талаққӣ кард. Аз нақши сутурге ки умарои сомонӣ бо равнақ додан ба забони порсӣ ва берун кашидан аз зeри суми сутурони фотеҳини ъараб пас аз наздик ба ду қарн, ва майдон додан ба бузургоне чун Oдамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакии Самарқандӣ, падари шеъри порсӣ, ифо карданд гирифта, то ба арса омадани хайли номдорони бисёри ъилму адаби ин ҳавзаи фарҳангӣ то асри ҳозир, ҳамагӣ дар обёрӣ ва борвар кардани забону фарҳанги порсӣ (яъне тоҷикӣ! иронӣ !) нақше инкорнопазир ва қобили тақдир ифо карданд ва медонем, ки забони порсии имрузин ки бо тафовутҳое дар Тоҷикистон, бахшҳои муҳиме аз Узбакистон, Афғонистон ва Эрон ба- дон такаллум ( гап зада) мешавад, аз хостгоҳи Фарорӯд бархоста, ва бо тағйироте ба асри ҳозир расида аст. Ин ду маркази бузурги фарҳангӣ ва таърихӣ то пеш аз гирифторшавӣ дар чанбараи истилои рус, дорои иртибототи густурдаи фарҳанӣ ва тиҷорӣ бо Эрон ва Афғонистон буда ва чӣ басо хонaдонҳое ки пас аз эҳдоси пардаи оҳанин, барои даҳаҳо байни ду се кишвари порсизабон, аз якдигар ҷудо монданд. Пас аз тасаллути Инглистон бар шибҳи қораи Ҳинд ва таҳрикоташ дар ҷудошавии Ҳирот ва бахшҳои муҳиме аз Хуросон аз ҳокимияти сиёсии Эрон ва ташкили кишваре наве бо нoми Афғонистон бо меҳварият ва ҳокимияти сиёсӣ ва фарҳангии қавми паштун бар он, шурбахтона доманаи таъсиргузории забони ширини порсӣ, ки то асри Cафавиён ва Aфшориён забони ғолиби дарбори Ҳинд буд ва бисёре аз шоирону адибони шибҳи қора низ ба он мeсуруда ва менигоштанд, рӯз ба рӯз камтар шуд ва ҷои худро ба инглисӣ, урду, панҷобӣ, пашту ва дигар забонҳо дод. Ҳамин раванд бо ҳокимияти Руссия дар Қафқоз ва Варорӯд рух дод ва бо тамомии вуҷуд талош гардид ки забон ва фарҳанги русӣ бар тамоми шуъуни зиндагии мардуми ҷудошуда аз Эрони бузург таҳти аҳдномаҳои Гулистон, Туркаманҷой, Охол ва ғайра ҳоким шавад. Раванде ки чӣ дар давраи подшоҳӣ, чӣ дар замони шӯравӣ ва чӣ баъд аз он бо шиддату заъфи камокон идома дошта аст. Сиёсатҳои истолинисм ки дардовартарини онҳо таҳти номи "табартақсим"-и марзи тоҷикон шакл гирифт, ҳамоно ҷудосозии Бухоро ва Самарқанд аз дасти соҳибони аслии онҳо яъне тоҷикони порсизабон ва бахшидани онҳо ба ҷумҳурии навбунёди Узбакистон ба ҳамроҳи сиёсати порсизудоӣ ва узбакӣ кардани забон ва фарҳанги ин ду маҳди бузург ва муҳими забон ва фарҳанги порсӣ буд.
Дар ин росто тағйири хати мардуми порсизабони тоҷик ба хати лотин дар соли 1928 ва сипас ба сириллик дар соли 1940 талоше буд дар роҳи буридани охирин пайвандҳои фарҳангӣ миёни мардумони Фарорӯднишин бо дигар ҳамзабонони эшон дар Эрону Афғонистон, дар ҳоле ки ин сиёсати тағйири хат дар Гурҷистон ва Арманистон ба кор бурда нашуд. Ин раванд ва сиёсат мутаассифона ҳанӯз ҳам асароти вайронгари худро дар идомаи гусасти таърихӣ дар замони ҳозир бар ҷо гузошта, ба тавре ки камтар мусофири эронй ё афғонро метавон ёфт ки ба ҳангоми вуруд ба фурудгоҳи Дуашанбе қодир ба хондани шеъри Ҳофизи Шерозӣ ба хати ноошнои кириллик бошад ки бо мақсади хушомадгӯӣ бар сардари он нақш баста аст!
Боре, дар ин ҳангома нақши бузургмардон ва сарфарозоне ки бо амал ба рисолати фарҳангӣ ва таърихии худ, дар дифоъ аз ҳувият ва решаи аслии хеш, дар баробари ин тундбоди саҳмгин истодагӣ карда ва ин нақши пурифтихорро дар бехабарии ғамбори ҳамзабононашон дар Эрон бо дасте холӣ ифо карданд, дорои аҳамиятест инкорнопазир ва фаротар аз ҳар арзишгузории малмус . Яке аз онҳо, охирин бузурги бухороӣ, устод Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ аст. Дар ин мақола талош бар ин аст ки аз манзари дигар ба арзиши мероси ин донишманд нигариста шавад ки ҳамоно афзоииши наздикии дилҳои порсизабонони Фулоти Эрон ба якдигар мебошад.
ӯ писари Садри Зиё, аз охирин қозиёни аморати Бухоро ва аз маорифпарварони бузурги халқи тоҷик буд, ки дар соли 1925 дар Бухорои шариф дида ба ҷаҳон гушуд. Дар соли 1929 ба далели тағйироти этникӣ ва эҷоди сарҳадоти тасаннуъӣ ба дастурии Истолин ва ҳамдастонаш дар Хоразм ва Осиёи Миёна, ки халофи воқеъӣ будани шиорҳои интернационалистӣ ва ҷаҳоншумулии ононро ъаён кард, ногузир аз муҳоҷират ба ҷумҳурии тозатаъсиси Тоҷикистон ба марказияти Душанбе, ки он ҳам шаҳри тозатаъсис буд, гашт, ки бояд ҷалолу шукӯҳи аз даст рафтаи Бухорову Самарқандро барои тоҷикон фароҳам мекард. Бо ҳар ҳол, ҳамин муҳити тоза боъиси бурузи рушди истиъдодҳо ва тавонмандиҳои шигарфи ин донишманди бузург гардид. Пас аз кор дар рӯзномаи " Тоҷикистони сурх" дар солҳои 1943 то 1945 ба кор дар институти таърих, забoн ва адабиёти Тоҷикистон машғул шуд. Пас аз хатми таҳсилот дар донишкадаи омузгории Душанбе дар соли 1945, ба тадрис дар он донишгоҳ машғул шуд.
Вай дар соли 1958 давраи дуктории худро ба итмом расонд. Шакурӣ ҳaмчунин аз соли 1996 то поёни умр, узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ дар Эрон буд. Вай пас аз солҳо беморӣ ва муроҷиатҳои мукаррар ба беморхонаҳои Ибни Сино дар Душанбе ва Меҳр дар Теҳрон дар 26 шаҳривармоҳи соли 1391 (16 сентябри соли 2012) дар шаҳри Душанбе чашм аз ҷаҳон фуру баст ва пайкараш бо ҳузури хайле дар фарози Лyчоб ки мадфани ҳунармандон ва адибони саршиноси тоҷик мисли Мирзо Турсунзода ва Лоиқ Шералӣ мебошад ба хок супурда шуд.
…Аммо бетардид ду асари ӯ нақше сутург дар зинда кардани худбоварии тоҷикон ва талангур ба ҳофизаи таърихии онон ки дар ҷараёни яксонсозии фарҳангии Иттиҳоди Шуравӣ қарор доштанд, ифо намуд : Аввал, "Хуросон аст ин ҷо", ки посухе буд мустадил ва маҳкам ба мухолифони номи забони порсӣ, яъне касоне ки пас аз тасвиби Сарқонуни(Қонуни асосӣ) нави Тоҷикистон, дар овони истиқлолият аз Шуравӣ, номи форсиро аз он бардошта ба "тоҷикӣ" басанда карданд, яъне намоядагонe мисли Шӯҳрат Султонов ва соири коммунистон ва русофилҳои бозмонда аз замони Шуравӣ.
Бо ин вуҷуд Шакурӣ ки аз пешгомони тадвини қонуни забони миллӣ ва нишондани он ба ҷои русӣ пас аз даҳаҳо истило бар Тоҷикистон буд, изҳор дошт ки бо зинда шудани забони модарии тоҷикон ва бар садр қарор додани он ба ҷои забони русӣ ба мақсади худ расида аст . Ва дуюм, "Фарҳанги забони тоҷикӣ" аст, ки зери назари ӯ ва бо ҳамкории Влaдимир Капранов, Раҳим Ҳошим ва Носирҷони Маъсумӣ тадвин гардид, ва дар овоне ки дилсӯзони фарҳангу забони халқи куҳанбунёди тоҷик дар миёни бехабарии комили эрониён аз балоёе буданд, ки бар сари ин забон ва фарҳанги муштарак дар Варорӯд меомад, тавонист суккони киштии балодидаи ин забон ва фарҳангро аз тӯфони панӯзбакисм ва русисозии иҷбории давлати Шуравӣ ба дасти пуртавони худ гирифта ва онро ба соҳили мақсуд бирасонад.
Чаро бояд мероси Устод Шакуриро арҷ гузошт?
Ногуфта пайдoст ки бузургоне чун Устод Шакурӣ чун қуллаҳои рафеъ ва осмонбӯсе хастанд ки шаъну манзалаташон варои арҷгузории инсонҳои оддӣ чун мо воҷиб аст. Ин бузургворон бо дарки саҳеҳи мавқиъияти худ ва замонаи хеш ифогари рисолати фарзанди замони хештан шуда ва чароғе фаророҳи ҳозирону ояндагон арафрӯхтанд. Аммо бар мо ъалоқамандони забон, фарҳанг ва адаби порсӣ аст, ки бо пандгирӣ аз таҷориб ва вақоеъи гузашта ва дарки мавқиъияти худ дар замони ҳозир ва таҳдидҳое ки камокон ҳавзаи ин фарҳанг ва забон бо онҳо рӯ ба рӯст, то ҳадди имкон аз такрори дубораи заработи бадхоҳони ин ҳавза ки бетардид саҳме бузург дар тамаддуни ҷаҳонӣ ифо карда, ҷилавгирӣ кунем. Агар ҳангоми кашида шудани пардаи оҳанин ба атрофи марзҳоямон дар авоили қарни бистум ва доштани ъузрҳое монанди набудани имконияти табодули иттилоот, бехабарӣ ва фуқдони фановариҳои навини мухобиротӣ, бузургоне мисли устод Шакурӣ, Лоиқ Шералӣ ва Бозори Собир мазлумона ба пайкори фарҳангӣ ва ҳувиятии хеш дар баробари истилои империолизми сурх (ки шӯрбахтона каъбаи умед ва омоли бисёре аз таҳсилкардагон ва рӯшанфикрони эронии даҳаҳои гузашта низ шуда буд) мепардохта ва маликушуарои тоҷик, Лоиқ Шералӣ, дардмандона дар шеъри " Асли ман, Эрони ман!" аз ниёхоки Эронаш чунин талаб мекард ки: " Аз Вароруд ин ҳама ғофил мабош, Дасти Рустам ёз, бар имдоди ман" !, имрӯза ба юмни пешрафтҳои ҳайратангези мавосилотӣ дар камтарин замон метавон бо ҳамзабонони дур уфтода ба ҷабри таърих, ва марзбандиҳои таҳмилӣ аз сӯии истиъморгарон, тамос ҳосил карда ва аз мушкилот, пешрафтҳо ва аъмоли онҳо ба турфа - -алъ- айн (ба як чашм задан С.А). иттилоъ ёфт.
Ба рағми лузуми ҳушёрӣ дар баробари таҳдидот ва хатароте ки ҳавзаи забонӣ ва фарҳангамонро таҳдид мекунад, метавон бисёр ба раванд ва масири ҳамгироии мо, ҳамзабонон дар Фалоти Эрон ки бо талошҳои устодоне чун Саъиди Нафисӣ, Шакурӣ, Лоиқ Шералӣ дар буъди фарҳангӣ , ё муҷоҳидатҳои Аҳмадшоҳи Масъуд ва Бурҳониддини Раббонӣ дар буъди сиёсӣ, шитоб гирифт, хушбин буд. Он деворҳои ҷудоӣ кашида шуда тавасcути истиъмор рафта рафта дар ҳоли фурӯпошӣ ҳастанд. Сиёсати шуми "Тафрақа биандозу ҳукумат кун", ривоҷи ҳисси танаффур ва таҳқир нисбат ба ҳамзабонон ва ҳамтаборони таърихӣ дар ин фалот гарчи ба таанӣ (оҳистагӣ С.А.)ва кундӣ, аммо бо раванде мусбат ба сӯи ҳисси ҳамдилӣ, ҳамгароӣ ва ҳамёрӣ аст. Гӯйӣ Қуқнуси фарҳанги порсӣ бори дигар пайкари шукӯҳманди хешро аз зери ахгари сӯзони ҳаводис бурун оварда ва савдои авҷгири дар осмони зулоли ин ҳамдилӣ ва ягонагиро дорад. Кифоя аст ки ба рухдодҳои зер назаре афганем:
Афзоииши теъдоди сафарҳои руъасои ҷумҳури Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон ба кишварҳои якдигар дар давоми чанд соли ахир, суханони раиси ҷумҳури Эрон дар ҷашни ифтитоҳияаи неругоҳи барқи обии "Сангтуда-2" дар моҳи сeмтембри соли 2011 ва эъломи лузуми дар канори ҳам будани ҳамешагии Эрон ва Тоҷикистон ва ҳимояии давлату мардуми Эрон аз ҳамзабонони хеш, ки мавҷе аз дилгармӣ ва умедро дар байни тоҷикон барангехт. Табдили наврӯзи оламафрӯз ба ҷашни ҷаҳонӣ бо ҳамкории сарони кишварҳои Фалоти Эрон, тасвиби он дар Созмони Милали Муттаҳид ва истимрори барпоии он ба шакли солона дар ҳар як аз кишварҳои ин фалот.
Гушоииши калонтарин Бeморхонaи тахассусии дил дар Осиёи Миёна бо номи Ибни Сино ба ҳамкории Эрон дар шаҳри Душанбе ва ба роҳмонии бисёре аз тарҳҳои умронӣ, санъатӣ ва фарҳангии дигар аз ҷониби Эрон дар Тоҷикистон ва Афғонистон. Анбуҳи китобҳои эҳдоӣ ба Анҷумани дустии Эрон ва Тоҷикистон, дар пайи фарохони мардумии ин анҷуман дар Эрон барои эҳдои китоб ба хатти ниёгон (порсӣ) ба Китобхонаи Миллии Тоҷикистон бо номи Абулқосими Фирдавсӣ...
Бархостани мавҷи тамоюл ба ёдгирии хатти ниёгон дар байни ҷавонон ва аҳли зиёии тоҷик дар солҳои ахир. Афзоииши назарраси дарҷи паёмҳои таслият ва навиштани мақолот ба муноcибати даргузашти устод Шакурӣ, ва пеш аз он, аёдатҳои бисёре аз фарҳангдӯстони эронӣ аз вай ба ҳангоми бастари шудани ӯ дар Теҳрон. Ба роҳ афтодани ҷарёни шукӯҳманди баргашт ба решаҳои қутратманди збони порсӣ дар Афғонистон ва иброми поймардонаи доишҷуёни порсизабон дар он кишвар дар истифода аз номи комилан порсии "донишгоҳ" бар сардари марокизи омӯзиши олӣ, ки мавҷе аз ҳимоя ва ҳамдилиро дар Эрон ва Тоҷикисон ба дунбол доштааст. Ҳузури тавонманди ноширони Афғонистон дар намоишгоҳи баналмилалии китоби Теҳрон дар моҳи апрели соли 2012 ва касби зинаи аввали ноширони хориҷӣ ба далели истиқболи густардаи китобхонони эронӣ . Афзоииш ҳайратангези иртибототи ҳамзабонон дар фазои маҷозӣ ва табодули иттилоъоти рӯзонa байни онон. Оре, он тир ки Ораши камонгир ҷони худ бар он ниҳод ва ба ховарон партофт, гӯиё дигар бор ва ин бор бо тушу тавони бархоста аз осори гаронсанги бузургоне чун Муҳаммадҷони Шакурӣ, Лоиқ Шералӣ ва хайли мухлисонашон партофа шуда истодааст. Равонашон шод бод!
Ҳажири ТЕҲРОНӢ
Мӯҳр