Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон барои муаррифии Тоҷикистон ба 200 давлати дунё ва 700 минтақаҳои гуногуни ҷаҳон муроҷиатнома ирсол намудааст.
Шариф Саид, раиси ин палата дар шарҳи ин хабар зимни як нишаст таъкид кард, ки дар муроҷиати худ ба дигар кишварҳо хоҳиш мекунад, ки иттилоъ дар бораи фазои сармоягузорӣ, маълумот дар мавриди бойгариҳои табиии Тоҷикистонро дар сомонаҳои интернетии худ ҷой диҳанд.
Ба қавли номбурда чунин муроҷиат ба кишварҳои хориҷа ба он хотир аст, ки хориҷиён дар бораи Тоҷикистон бештар иттиллоъ пайдо намоянд.
Раиси Палатаи савдо ва саноат ишора намуд, ки дар муроҷиати худ ба дигар кишварҳо масъалаи ба ҷои кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро низ ёдрас менамояд: «Акнун палата бевосита муҳоҷирони меҳнатиро ба кор таъмин карда наметавонад, вале тариқи ширкатҳое, ки аъзои ин палата ҳастанд дастгирӣ, кӯмак ва масъалаи ба кор таъмин намудани муҳоҷирон имкон дорад. Онҳо низ ҳамватан, хешутабори мо ҳастанд ва бояд кӯмаку дастгирӣ намоем».
Бояд зикр намуд беш аз 500 ташкилоту корхонаҳои гуногун аъзои Палатаи савдо ва саноат буда, ҳоло раиси ин палата мехоҳад тариқи аъзоёни палатаи мазкур ба мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ расидагӣ намояд.
Мӯҳр