Дар ин бора ба Озодагон аз Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Тибқи хабари сарчашма, дар ҳоли ҳозир, ин ягона тағйиротест, ки ҷорӣ кардани он пас аз мавриди амал қарор гирифтани Кодекси нави андоз (аз 1-уми январи соли 2013) дар назар буд. Гуфтанист, Кодекси нави андоз аз 229 модда иборат буда дар қиёс бо кодекси қаблӣ 42 модда камтар аст ва номгӯи андозҳо дар он аз 21 то 10 адад ихтисор шудааст: «Кодекси нав тадриҷан тӯли солҳои 2013-2017 пурра мавриди амал қарор дода шуда, як қатор андозҳо комилан бекор ва дар чанде аз онҳо меъёри фоизӣ кам мегардад».
Дар робита ба мавриди амал қарор додани Кодекси нави андоз ва бо сабаби он кам шудани қисмати даромади буҷети давлатии Тоҷикистон дар солҳои наздик, ки Вазорати молия онро 800-900 млн. сомонӣ (беш аз 170 млн. $) арзёбӣ кардааст, дар кумита изҳор доштанд, ки аз ҳисоби афзоиши шумори андозсупорандагон ва коҳиши ҳаҷми иқтисоди пасипардагӣ вазъ дар ин самт базудӣ тағйир хоҳад ёфт.
-Айни ҳол дар Тоҷикистон ҳудуди 126 ҳазор андозсупорандагон ба қайд гирифта шуда, 40 ҳазори онҳо бо воситаи патент фаъолият доранд ва 26 ҳазор нафари онҳо шахсони ҳуқуқӣ буда, 60 ҳазор андозсупорандагон бо шаҳодатномаи соҳибкорӣ машғули фаъолиятанд,-афзуд манбаъ.
Мӯҳр