Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон барои додани иҷозатнома ҷиҳати таъсису фаъолияти телевизиони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон пешниҳоди номгӯи ҳуҷҷатҳои бештареро аз ин ҳизб мехоҳад.
Номбурда имрӯз, 11-уми январ зимни нишасти матбуотии кумитаи мазкур иброз дошт, ки вобаста ба таъсиси телевизиони ҲНИТ аз ҷониби ин ҳизб танҳо як ариза пешниҳод шудааст ва тибқи қонунгузории Тоҷикистон пешниҳоди дигар ҳуҷҷатҳо лозим аст: «Ба ғайр аз як ариза феҳристи ҳуҷҷатҳое лозим аст, ки бояд ба комиссияи иҷозатномадиҳӣ пешниҳод намоянд. Ба раҳбарияти ҳизб мактбуи расмӣ ирсол кардем ва то ҳол посух нагирифтаем».
Раиси Кумитаи телевизион ва радио таъкид намуд, ки дар баробари як аризаи ҲНИТ дар хусуси таъсиси телевизионаш ҳамчунин маълумот дар мавриди дар кадом формат фаъолият карданашон, ташкили ҷамъият, яъне шахси ҳуқуқӣ, номгӯи таҷҳизот ва манбаи молиявӣ низ лозим аст.
Мӯҳр