Сайдғуфрони Абдулло, муовини сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бо Эрик Чейкобсон, мушовири дуюми сафорати ИМА дар Тоҷикистон оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ мулоқот намуд.
Абдулло Қодирӣ, сухангӯи хадамоти мазкур ба Озодагон иттилоъ дод, ки зимни ин вохӯрӣ масъалаи интиқоли маблағҳои муҳоҷириони меҳнатӣ, хариду фурӯши одамон, қабули қонуни нави Русия дар хусуси сатҳи забондонии муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид.
Гуфта мешавад, дар ҷараёни ин мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба Амрико табодули назар кардаанд.
Манбаъ мегӯяд, дар ин нишаст Эрик Чейкобсон иброз доштааст, ки дар Амрико барои муҳоҷирони меҳнатӣ хеҷ забоне бартарият надорад: «Дар ин вохӯрӣ дигар проблемаву мушкилоти муҳоҷирон баррасӣ гардида, пешниҳод шуд,ки чунин мулоқот бо консули ИМА дар Тоҷикистон низ доир гардад».
Бино ба иттилои манбаъ сода гардонидани раводид миёни Амрико ва Тоҷикистон аз мавзӯҳе буданд, ки дар ин ҳамоиш миёни тарафҳо гуфтушӯнид сурат гирифтааст.
Мӯҳр